Феврал 27, 2020 13:55 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими Дабири кули Ҳизбуллоҳи Ироқ

Вазорати хазонадории Амрико чоршанбе шаб дар баёнияе аз таҳрими Дабири кули Ҳизбуллоҳи Ироқ хабар дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Вазорати хазонадории Амрико дар ин баёния эълом кард, Аҳмад Алҳамдовӣ , дабири кули гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқро таҳрим кардааст.

Чандрӯз пеш Ҷаъфар Алҳусейнӣ сухангуи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ гуфта буд талошҳо барои ихроҷи низомиёни амрикоӣ аз хоки Ироқ ҳамчунон идома дорад ва нерӯҳои мақомот дар ҳоли баррасии гузинаҳои лозим барои таҳақуқи ин ҳадаф ҳастанд. Эҳсосоти зиди амрикоӣ дар Ироқ баъд аз силсила иқдомҳои хасмонаи Амрико алайҳи он кишвар ва меҳвари муқовимат ба вижа терори ноҷавонмардонаи сардор сипаҳбуд Ҳоҷи Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоси Посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини Созмони басеҷи мардумии Ироқ Ҳашдушаъбӣ ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Дар паи терори ноҷавонмардонаи сардор Сулаймонӣ, ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис тавассути Амрико дар фрудгоҳи Бағдод, намояндагони парлумони Ироқ рӯзи якшанбе 5 январ тарҳи ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз хоки Ироқро тасвиб карданд.