Мамнуъ шудани вуруди зоирони ҳаҷи умра ба Арабистон
Арабистон вуруди зоирони ҳаҷи умраро мамнуъ кард.
Арабистони Саудӣ чоршанбе шаб эълом кард, ба далели шуюи вируси Карона сафари умра ба ин кишвар ва зиёрати марқади Набавиро ба таври мувақат мутавақиф мекунад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Вазорати хориҷаи Арабистон дар баёнияе хотирнишон кард, Риёз барои пешгирӣ аз шуюи вируси Карона, тадбирҳое гирифта ,ки мамнуияти мувақати сафарҳои зиёратӣ ба ин кишвар барои ҳаҷи умра ва зиёрати масҷид Алнабӣ (с) аз ҷумлаии ин маворид аст.
Бар асоси ин гузориш ,эътои раводиди гардишгарӣ ба кишварҳое,ки вируси Карона дар онҳо шую ёфта мутавақиф шудааст.
Ҳануз омори шахсӣ аз вуҷуди вируси Карона дар Арабистони Саудӣ мунташир нашудааст.
Дар миёни кишварҳои ғарби Осиё замзамаи шуюи бемории Карона аввалин бор дар Арабистон шунида шуд ва 17 баҳмани имсол расонаҳои ин кишвар аз мубталошудани ду табаъи ҳиндӣ ба ин вирус хабар доданд аммо ин хабар билофосила аз суи мақомоти Арабистон такзиб шуд.