Феврал 29, 2020 13:38 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори ҷонбохтагони коронавирус  дар Чин ба 2835 нафар

Шумори ҷонбохтагони бемории коронавирус дар Чин ба 2835 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, камисиюни миллии беҳдошти Чин субҳи рӯзи шанбе эълом кард,бо ҷонбохтагон 47 нафари дигар бар асари бемории ноши аз коронавирус, шумори ҷонбохтагони ин вирус дар ин кишвар дар маҷмуъ ба 2835 нафар афзоиш ёфт.

Камисиюни миллии беҳдошти Чин ҳамчунин аз 427 мавриди нави мубтало ба Карона хабар дод,ки бо иҳтисоби онҳо, шумори мубталоён ба ин вирус дар ин кишвар ба 79 ҳазору 251 нафар расидааст.

Манбаъҳои беҳдоштии Чин дирӯз ҷумъа шумори қурбониёни коронавирус  дар ин кишварро 2788 нафар ва мубталоёнро 78 ҳазору 824 нафар эълом карда буданд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи сешанбе эълом кард, мавориди нави мубтало ба коронавирус дар Чин аз мавориди нави мубталоёни ин вирус дар дигар кишварҳои ҷаҳон бештар аст.

Бар асоси охирин оморҳо,то кунун беш аз 82 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд,ки аз ин теъдод ҳудуди 3200 нафар беҳбуд ёфтаанд.