Феврал 29, 2020 18:30 Asia/Dushanbe
  • Муфтии Маскав мусулмононро дар шуюи коронавирус ба сабр фарохонд

Дар пайи густариши коронавирус Албир Крганов, муфтии Маскав ҳамаи мусулмононро ба сабр ва оромиш даъват кард.

Ба нақл аз Спутник, муфтии Маскав бо ишора ба мамнӯияти сафари умра ва зиёрати ҳарамҳои муқаддас дар Макка ва Мадина дар пайи шуюи коронавирус афзуд, агарчи миллионҳо мусулмон барои адои умра аз муддатҳо пеш омода мешаванд, аммо дар шароити кунунӣ ин маҳдудиятҳо бисёр ба мавқеъ аст.

Крганов ёдовар шуд, ки дар қадим низ барои пешгирӣ аз бемориҳое ҳамчун вабо ингуна маҳдудиятҳо иҷро мешуд.

Муфтии Русия бо баёни инки адои Ҳаҷҷи умра барои мусулмонон воҷиб нест ибрози умедворӣ кард бо иҷрои ин тадбирҳои вижа дар моҳи мубораки Рамазон мусулмонон битавонанд ба суҳулат озими ин сафари маънавӣ шаванд.

Арабистони саудӣ дар пайи шуюи коронавирус визаи шаҳрвандони кишварҳоеро, ки дар онҳо коронавирус густариш ёфта, бекор кардааст.