Март 01, 2020 17:59 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси тими музокиракунандаи

Раиси тими музокиракунандаи "Толибон" гуфт, барои поёни даргириҳо бо нерӯҳои амниятии афғон ба тавофуқи дигаре ниёз аст.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Шермуҳаммад Аббос Станакзай бо ишора ба ин, ки таваққуфи ҷанг бо Амрико шомили нерӯҳои афғон намешавад афзуд: Барои таваққуфи ҷанг бо нерӯҳои амниятии афғон ба тавофуқи дигаре ниёз аст, ки дар музокироти байниафғонӣ сурат мегирад.

Раиси тими музокиракунандаи "Толибон" ҳамчунин бо таъкид бар ин, ки бештари аъзои ҳайати музокиракунанда дар гуфтугӯҳои байниафғониро намояндагони давлат ташкил медиҳанд, тасреҳ кард:

Ин дар ҳоле аст, ки дар Афғонистон ҳукумате вуҷуд надорад, интихоботи шаффоф набуда ва ҳузури мардум низ камранг аст.

Шермуҳаммад Аббос Станакзай дар поён афзуд: Бо нерӯҳои афғон тавофуқе дар бораи оташбас ва ё коҳиши хушунатҳо имзо нашудааст ва ин мавзӯъ дар гуфтугӯҳои байниафғонӣ, ки 10 март оғоз хоҳад шуд, баррасӣ мешавад.

 

Барчасп