Коронавирус марзи Афғонистон ва Покистонро баст
Март 01, 2020 21:21 Asia/Dushanbe
Покистон эълом кард, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус, марзи муштараки худ бо Афғонистонро дар минтақаи Чаман ба муддати як ҳафта мебандад.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, сафорати Покистон дар Афғонистон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард: Давлати Покистон барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи беимории коронавирус, гузаргоҳи марзии Аспин - Булдак - Чаманро аз фардо (душанбе) ба муддати як ҳафта мебандад.
Марзи Чаман пас аз Турхум, бузургтарин гузаргоҳи марзии Афғонистон ва Покистон аст.
Давлати Афғонистон ҳам ҳамарӯза гузоришҳоеро дар бораи хурӯҷи коронавирус дар ин кишвар мунташир мекунад, ки бар асоси он, то кунун даҳҳо фарди машкук ба ин беморӣ шиносоӣ ва карантин шудаанд.
Барчасп