Март 02, 2020 14:47 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди хушунатҳо алайҳи мусулмонон аз тарафи ҳиндуҳо дар Деҳлии Нав

Ҷиноёти созмонёфтаи ҳиндуҳои мутаассиб алайҳи мусулмонон дар хушунатҳои ахир дар Деҳлии Нав пойтахти Ҳинд ҳамчунон идома дорад.

Ба нақл аз рӯзномаи Гордиян, ба дунболи эътирозоти густардаи ахир дар Ҳинд дар эътироз ба қонуни ҷанҷолии шаҳрвандӣ алайҳи мусулмонон, рӯзи якшанбе хушунати ҳиндуҳо алайҳи мусулмонон дар ин кишвар ба шиддат афзоиш ёфт.

Бар асоси ин гузориш, интишори тасовири ҳамлаи як гурӯҳи ҳинду дар Деҳлии Нав ба як мусулмон ба номи Муҳаммад Зубайри 37 сола, ки дар ҳоли бозгашт аз масҷид ба хона буд, вокунишҳои зиёдеро ба дунбол дошт.

Ҳиндуҳои мутаассиб ин фарди мусулмонро зери заработи чуб, милаҳои оҳанӣ ва мушту лагад қарор доданд.

Дар даргириҳои 4 рӯза дар шимолу шарқи Деҳлии Нав теъдоде аз масҷидҳо ба оташ кашида ва мусулмонон зинда зинда дар хонаҳояшон сӯзонда шудаанд ва ё дар хиёбонҳо лату куб шудаанд.

Ба гузориши Гордиян, полиси Ҳинд дар бисёре аз маворид канор истода ва ё ҳатто ба кӯмаки ҳиндуҳои ифротӣ рафта ва дар ин ҷиноятҳо ба онҳо мулҳақ шудаанд.

Декабри 2019, Маҷлиси Ҳинд, лойиҳаи эътои шаҳрвандӣ ба муҳоҷирони ғайримусулмон аз кишварҳои ҳамсояро ба тасвиб расонд, ки мунтақидон муътақиданд ин лойиҳа бахше аз дастури кори давлати Ҳинд барои ба ҳошия рондани мусулмонон ва поймолсозии усули баробарӣ дар қонуни асосии ин кишвар аст.

 

Барчасп