Ибтилои 100 нафар ба бемории коронавирус дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51443-Ибтилои_100_нафар_ба_бемории_коронавирус_дар_Амрико
Мубталоён ба коронавирус дар Амрико ба 100 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 03, 2020 10:53 Asia/Dushanbe
  • Ибтилои 100 нафар ба бемории коронавирус дар Амрико

Мубталоён ба коронавирус дар Амрико ба 100 нафар расид.

Ба нақл аз Форс, теъдоди мубталоён ба коронавирус дар Амрико бо расидан ба 100 нафар серақамӣ шуд.

Бар асоси охирин омор, 18 нафар аз мубталоёни нав дар иёлати Вашингтон ва 16 нафар низ дар иёлати Калифорния ҳастанд.

Ҳамчунин бо марги камаш 4 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Амрико дар рӯзи душанбе, омори талафоти ин вирус дар Амрико ба 4 нафар расид.

Нигарониҳо дар Амрико дар бораи амалкарди давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар баробари шуюи коронавирус боло гирифта ва ҳатто фармондори иёлати Вашингтон ба далели хатари шуюи коронавирус вазъияти изтирорӣ эълом кардааст.

Раисҷумҳури Амрико дар конфронси хабарӣ гуфт, шадидтарин иқдомотро дар муқобила бо коронавирус анҷом додаем ва ҳеҷ далеле барои ваҳшат аз коронавирус вуҷуд надорад ва дар минтақаҳое, ки таъсироти коронавирусро мушоҳида кардаем дар ҳоли кор ҳастем ва маҳдудиятҳоро дар хусуси мусофират аз кишварҳое, ки мушкилоте бо коронавирус доштаанд иҷроӣ кардаем.