Март 04, 2020 13:39 Asia/Dushanbe
  • Сабти аввалин мавриди марг бар асари коронавирус дар Испания

Давлати Испания тасдиқ кардааст, ки яке аз шаҳрвандони ин кишвар ҷони худро бар асари ибтило ба коронавирус (COVID-19) аз даст додааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, давлати Испания шомгоҳи сешанбе расман тасдиқ кард, ки яке аз шаҳрвандони ин кишвар бар асари ибтило ба коронавирус ҷон бохтааст.

Бар асоси охирин оморҳои эъломшуда аз сӯи мароҷеи расмии Испания, беш аз 150 нафар дар ин кишвар ба бемори коронавирус мубтало шудаанд.

То имрӯз ҳудуди 90 нафар дар кишварҳои аврупоӣ ҷони худро бар асари ибтило ба коронавирус аз даст додаанд, ки бештари қуорбониён (79 нафар) сокини Италия будаанд.

 

Барчасп