Март 06, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 42 нафар бар асари вируси корона дар Кореяи Ҷанубӣ

Вазорати беҳдошти Кореяи Ҷанубӣ эълом кард, аз замони паҳншавии вируси корона дар ин кишвар, 42 нафар бар асари бемории корона ҷон бохтанд.

Ба гузориши расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Вазорати беҳдошти ин кишвар рӯзи ҷумъа эълом кард, шумори ҷонбохтагони бемории коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ аз дишаб бо панҷ нафар афзоиш, ба 42 нафар расидааст.

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Кореяи Ҷанубӣ, шумори мубталоён ба вируси корона аз дишаб 518 маврид афзоиш дошта ва тайи муддати 24 соат ба шаш ҳазору 284 нафар расидааст.

Ҳамакнун озмоиши вируси корона бар рӯйи беш аз 20 ҳазор нафар дар ҳоли анҷом аст ва 108 бемор низ пас аз беҳбудии комил аз бемористон мураххас шудаанд.

Паҳншавии вируси корона дар декабри 2019 аз шаҳри Вуҳан, маркази вилояти Ҳубейи Чин оғоз шуда, илова бар 30 вилояти Чин, ба беш аз 80 кишвари дигари ҷаҳон, аз ҷумла Эрон низ сироят кардааст.

Беш аз се ҳазор нафар бар асари бемории корона дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Чин ҷон бохтанд.

 

 

 

 

Барчасп