Март 07, 2020 14:57 Asia/Dushanbe
  • Трамп мегӯяд

Трамп мегӯяд "Толибон" баъд аз хурӯҷи Америка «эҳтимолан» метавонад қудрат бигирад

Бино ба хабарнигории форс ,ӯ дар посух ба саволи мабни бар инки оё Толибон мумкин аст дар ниҳоят қудратро аз давлати мавриди ҳимояти  Америка дар Афғонистон бигирад гуфт: «қарор нест ин иттифоқ биафтад, аммо мумкин аст биафтад.»

 Трамп дар идома гуфт: «мо наметавонем 20 сол дигар онҷо бошем. 20 сол инҷо будаем ва аз ин кишвар муҳофизат кардаем вале наметавонем 20 соли  баъдро онҷо бошем. Онҳо дар ниҳоят бояд битавонанд аз худашон муҳофизат кунанд.»

 Трамп, ки панҷшанбе гуфтугӯи хубе бо яке аз намояндагони  Толибон дошта буд  гуфт, ки намедонад оё давлати  Афғонистон аз тавонои дифоъ аз худаш дар баробари мухотирот хоҳад  дошт ё хайр.

 Ӯ  дар посух ба саволе дар ин бора гуфт: «Намедонам. Наметавонам ба ин савол посух диҳам. Бубинем чӣ пеш меояд.»

 Пеш аз ин Русия бо қудрати  гирифтани толибон дар Афғонистон мухолифат кардааст. «Замир Қобилов» намояндаи  вижаи Русия дар умури сулҳи  Афғонистон гуфт: Москва инҳисори қудрат дар Афғонистонро ба ҳеҷ ваҷҳ нахоҳад пазируфт.

 Қобилов  хотирнишон кард: «Ба толибон борҳо ба сурати шаффоф гуфта шуда, ки инҳисори қудрат ва бозгашти ин гурӯҳ ба қудрати дар Афғонистон пазируфта нахоҳад шуд.»

 Вай афзуд: «Эрон, Покистон ва Иёлоти  Муттаҳида низ гуфтаҳои мушобеҳиро ба толибон иблоғ карда ва гуфтаанд, ки хоҳони  қудрати инҳисори ин гурӯҳ мухолиф ҳастанд.»

 Намояндаи  Русия дар поён ёдовар шуд: «Этиқоди  мо ин аст, ки Афғонистон ба сурати ҷумҳурӣ идора шавад, аммо ин мавзӯъ ба худи  афғонҳо бармегардад, ки чӣ тасмиме дар ин ҳавза бигиранд.