Март 08, 2020 20:46 Asia/Dushanbe
  • Шароити бӯҳронӣ дар Амрико бо густариши бемории коронавирус

Бемористонҳои Амрико дар ҳоли омода шудан барои пазириши эҳтимолии 96 миллион мубтало ба коронавирус ва марги ҳудуди ним миллион нафар ҳастанд.

Ба гузориши рӯзномаи англисии Daily Mail, хурӯҷи маргбори коронавирус дар Амрико бисёр густурдатар аз он чи мақомҳои ин кишвар муддаӣ ҳастанд хоҳад буд ва он тавр, ки бархе асноди фошшуда нишон медиҳад, эҳтимолан 480 ҳазор амрикоӣ бар асари ибтило ба коронавирус ҷони худро аз даст хоҳанд дод ва 4, 8 миллинр нафар низ бистарӣ хоҳанд шуд.

Бинобарин, сатҳи бӯҳрони коронавирус дар Амрикоро 10 баробар бештар аз он чи, ки дар фасли ибтилои шадид ба онфулонзо мушоҳида мешавад, афзоиш медиҳад.