Индонезия беморони коронавирусро ба ҷазира мефиристад
Март 09, 2020 14:06 Asia/Dushanbe
Мақомоти Индонезия қасд доранд мубталоён ба коронавирусро дар ҷазираи ғайримаскунии Галанг сукунат диҳанд.
Ба нақл аз рӯзномаи Ҷакарта-Пост, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Индонезия гуфт, дар ҷазираи Галанг беморони мубтало ба коронавирус дар сохтмонҳое, ки дар солҳои 1979 то 1996-уми ҷанги Ветнам ба унвони урдугоҳи паноҳандагӣ истифода мешудааст нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.
Ҳодӣ Тияганто афзуд, аз бемористони ин ҷазира бо зарфияти пазириши ҳазор бемор ба унвони маркази карантин истифода хоҳад шуд ва ин бемористон дар муддати як моҳ таҷҳиз хоҳад шуд.
Дар Индонезия то кунун ду мавриди ибтило ба коронавирус шиносоӣ шудааст.
Барчасп