Март 09, 2020 17:15 Asia/Dushanbe
  • 34 иёлати Амрико даргири корона шуданд: 565 мубтало ва  21 қурбонӣ

Масъулони беҳдошти Амрико эълом карданд, дастикам 34 иёлати Амрико даргири вируси корона шудаанд ва теъдоди мубталоён ба ин вирус ба 565 нафар ва қурбониён ба 21 тан афзоиш ёфт.

Ба гузориши Форс, дар пайи тасреи густариши вируси корона дар Амрико, масъулони беҳдошт ва дармони ин кишвар эълом карданд, вируси корона дастикам дар 34 иёлати ин кишвар густариш пайдо кардааст ва дар айни ҳол буҳрони вируси корона дар киштии тафреҳии «Grand Princess» ҳамчунон рӯ ба густариш аст.

Гэвин Нюсом(Govin Newsam), фармондори иёлати Калифорния рӯзи гузашта (якшанбе) дар як конфронси хабарӣ гуфт, ки дастикам 21 нафар аз сарнишинони киштии тафреҳии «Grand Princess», ки эҳтимолан имрӯзи (душанбе) дар иёлати Калифорния паҳлу мегирад, мубтало ба вируси корона шудаанд.

Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки токунун аз 3500 сарнишини киштӣ, 19 тан аз коркунон ва хадама ва ду мусофир ба вируси корона олуда шудаанд. Озмоиши коронаи 24 нафари дигар манфӣ, ва як маврид бидуни натиҷа будааст.

Рӯзи ҷумъаи ҳафта гузашта, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико гуфта буд, ки тамоюл дорад мусофирон ва хадамаи киштӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши корона дар Иёлоти Муттаҳида даруни киштӣ бимонанд ва аз он хориҷ нашаванд.

Бино ба гузориши СНН, дастикам 21 нафар дар Амрико бар асари ибтило ба вируси корона ҷони худро аз даст додаанд, ки аз ин миёни 18 тан аз иёлати Вашингтон, ду тан аз Флорида ва як нафар аз Калифорния будааст.

Гузоришҳо ҳамчунин ҳокӣ аз он аст, ки дастикам 565 нафар дар Амрико ба корона вирус мубтало шудаанд, ки аз он миёни 70 нафар ҷузъи онҳое будаанд, ки аз кишварҳои дигар ба Амрико бозгашта буданд.