Ҳузури раҳбарони Ҷунбиши таҳфизи паштунҳои Покистон дар маросими савганди Ашраф Ғанӣ
(last modified Mon, 09 Mar 2020 14:52:59 GMT )
Март 09, 2020 19:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури раҳбарони Ҷунбиши таҳфизи паштунҳои Покистон дар маросими савганди Ашраф Ғанӣ

Раҳбарони Ҷунбиши таҳфизи паштунҳои Покистон дар маросими таҳлиф(савгандёд)-и Ашраф Ғанӣ ширкат мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, сухангӯи устондори Нангарҳори Афғонистон эълом кард, Мӯҳсини Довар ва Алӣ Вазир аз раҳбарони Ҷунбиши таҳфизи паштунҳои Покистон пас аз онки аз фурудгоҳи Исломобод иҷозаи парвоз ба Кобул наёфтанд, аз марзи заминӣ вориди Афғонистон ва бо болгард ба Кобул мунтақил шуданд то дар маросими таҳлифи Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон ширкат кунанд.

Атоулла Хугиёни, сухангӯи устондори Нангарҳор рӯзи душанбе ба расонаҳои маҳаллии Афғонистон гуфт, Мӯҳсин Довар ва Алӣ Вазир субҳи имрӯз аз марзи Турхам вориди Ҷалолобод, маркази устони Нангарҳор шуд ва пас аз дидор бо устондор бо болгарди артиш ба Кобул интиқол дода шуданд.

Ҷунбиши таҳфизи паштунҳои Покистон барои ҳуқуқи худ ба раҳбарии Манзур Пуштин токунун чанд тазоҳуроти густурдаеро алайҳи давлати Покистон роҳандозӣ кардаанд. Давлати Покистон пеш аз ин Манзур Пуштинро боздошт карда буд, аммо вай дар шашуми исфандмоҳ аз зиндон озод шуд.

Афғонистон ва Покистон ҳамвора якдигарро ба мудохила дар умури дохилии худ муттаҳам мекунад ва ин иттиҳомот равобити ду кишварро бо фарозу фурудҳои зиёде мувоҷиҳ кардааст.

Мақомҳои афғон таъйд карданд, ки 17 нафар аз мақомҳо ва шахсиятҳои қавмии Покистон барои ширкат дар маросими таҳлифи Ашраф Ғанӣ ба Кобул омадаанд.