Март 11, 2020 19:20 Asia/Dushanbe
  • Амрико дар пайи бунёди фурудгоҳ дар наздикии пойгоҳи “Айнуласад”

Як манбаи амниятии ироқӣ гуфт, ки Амрико дар садади сохти як фурудгоҳ дар устони Аланбор аст ва муқаддамоти корро низ оғоз кардааст.

Ба гузориши “Форс”, ин фурудгоҳ дар канори пойгоҳи “Аайнуласад” дар минтақаи “Ҳайат” сохта мешавад ва коршиносони Амрико барои ин манзур дар ин макон мустақар шудаанд.

Дар марҳалаи аввали кор ҳамсатҳсозии макон ва амалиёти регу шинрезӣ ва ҳамчунин эҷоди ҳисорҳои амниятӣ ва насби дурбинҳо ва дигар иқдомоти амниятӣ иҷро мешавад.

Ба гуфтаи вай, гаштзании ҳавоии Амрико бар фарози шаҳрҳо ва манотиқи мухталифи Аланбор шиддат ёфтааст.

Ин масъули амниятии устони Аланбор муддаӣ шуд, ки Амрико аз ин фурудгоҳ барои парвози бомбафканҳои роҳбурдии Ба - 52 истифода хоҳад кард ва фурудгоҳи мазкур муҳимтарин фурудгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ хоҳад буд.