Март 11, 2020 19:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши дармоншудагони корона дар Чин ба беш аз 61 ҳазор нафар

Тозатарин оморҳо аз вазъияти шуюъи корона дар Чин нишон медиҳад, теъдоди мубталоёне, ки дармон шуданд, ба 61499 нафар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши “Форс”, Комиссияи миллии беҳдошти Чин дар идомаи раванди иттилоърасониҳо дар бораи вазъияти паҳншавии вируси корона дар ин кишвар, имрӯз - чаҳоршанбе оморе аз теъдоди мубталоён, фавтиҳо ва дармоншудагон ироа дод.

Тибқи гузориши пойгоҳи “Ворлд метерз”, ки омори тафкикӣ ва онлайн аз вазъияти шуюъи корона дар кишварҳои мухталифро мунташир мекунад, омори умедбахше аз мизони дармони мубталоён дар Чин мухобира кардааст.

Тибқи ин гузориш, то ба имрӯз - чаҳоршанбе 61 ҳазору 499 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Чин дармон шуда ва ба хона баргаштаанд.

Дар Чин бо сабти 24 мавриди ҷадиди ибтило ба корона, мизони кулли мубталоён ба вирус дар ин кишвар 80 ҳазору 778 нафар шудааст.

Ба гуфтаи комиссия, дар 24 соати гузашта 22 нафар бар асари ибтило ба корона ҷонашонро аз даст доданд ва мизони фавтиҳо дар Чин ба 3161 нафар афзоиш ёфтааст. Ҳамаи мавориди фавтӣ марбут ба устони Ҳубей будааст, устоне, ки шуюъи вируси корона аз шаҳри Вуҳон он оғоз шудааст.

Албатта мақомҳои чинӣ эълом кардаанд, 10 маврид аз ибтилои афрод ба корона марбут ба чиниҳое аст, ки аз сафари Италия ва Амрико ба Чин баргаштаанд.