Мухолифати дубораи Лавров бо тарҳи зидди фаластинии “муомилаи қарн”
(last modified Thu, 12 Mar 2020 13:57:32 GMT )
Март 12, 2020 18:57 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати дубораи Лавров бо тарҳи зидди фаластинии “муомилаи қарн”

Вазири хориҷаи Русия дар дидори ҳайате аз Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, бори дигар бар мухолифати Маскав бо тарҳи амрикоии зидди фаластинӣ мавсум ба “муомилаи қарн” таъкид кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал Маёдин”, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар дидори ҳайате аз Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ба раёсати Зиёд Нухола, дабири кулли ин ҷунбиш зимн таъкид, бар мухолифати Маскав бо тарҳи мавсум ба  "муомилаи қарн" гуфт, Русия барои кӯмак ба таҳаққуқи ваҳдат байни гурӯҳҳои фаластинӣ, омодагӣ дорад.

Мақоми Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ зимни истиқбол аз мавозеи Русия дар таҳаққуқи ваҳдат байни гурӯҳҳои фаластинӣ ва мухолифат бо тарҳи “муомилаи қарн” таъкид кард, муомилае, ки ба думболи аз байн бурдани ормони Фаластин ва ҳаққи бозгашти оворагон ба ватани худ аст, бетардид маҳкум ба шикаст хоҳад буд.

Дидори вазири хориҷаи Русия ва дабири кулли Ҷунбиш ҷиҳоди исломии Фаластин дар Маскав, хашми режими саҳюнистиро барангехтааст.

Хабарнигори шабакаи 13 телевизиони режими саҳюнистӣ дар сафҳаи “Твиттер”-и худ навишт, масъулон ба ман гуфтанд, ки расман ба дидори Лавров бо раҳбари Ҷиҳоди исломӣ эътироз кардаанд.

Вазорати умури хориҷаи Русия, аммо дар баёнияе бар пойбандии маҳками Маскав ба ҳалу фасли муноқишаи Фаластин ва Исроил мунтабиқ бо қавонини байналмилалии ба расмият шинохта шуда, аз ҷумла қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумии СММ таъкид кардааст.

Бетаваҷҷуҳ ба қавонини байналмилалӣ мавриди ишораи Маскав, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико 28 январ ҳамроҳ бо Бенёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Кохи Сафед аз тарҳи «муомилаи қарн» рӯнамоӣ кард.

Ин тарҳ кулли шаҳри Қудсро ба режими саҳюнистӣ вогузар ва оворагони фаластиниро аз ҳаққи бозгашт ба ватани худ манъ мекунад.

Ҳамаи гурӯҳҳои фаластинӣ, мухолифати сареҳи худро бо ин тарҳ эълом кардаанд.