Март 13, 2020 20:02 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии русҳо аз коронаӣ шудани Путин

Дар пайи қарантина шудани як намояндаи парлумони Русия ва касоне, ки бо вай дар тамос будаанд, нигарониҳо дар бораи саломати Владимир Путин ба далели ҳузур дар парлумони ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши “Спутник”, ду рӯз пас аз ҳузури Путин дар ДУМА мушаххас шуд, ки Сергей Катасонов, узви фраксиюни Ҳизби либерал - демократ, ки ба тозагӣ аз Фаронса ба Маскав бозгашта буд, қонунҳои марбут ба қарнтинаро риоят накардааст.

Вячеслав Володин, раиси ДУМА рӯзи панҷшанбе дастур дод, муҷаввизи ҳузури ин намоянда дар парлумон ба ҳамроҳи тамоми касоне, ки бо вай иртибот барқарор карда буданд, ба муддати ду ҳафта бекор карда шавад.

Дар пайи ин рӯйдод нигарониҳо аз эҳтимоли ибтилои Путин ба корона афзоиш ёфтааст.

Бо ин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфтааст, ки Путин дар боздид аз парлумон бо Катасанов тамос надошта ва ҳамакнун низ дар ҳоли кору фаъолияти тамом ва камол аст.

Владимир Путин рӯзи сешанбе ба даъвати намояндагон дар маҷлиси поёнии Русия (ДУМА) ҳозир шуд то назарҳои худро дар бораи хостаи онон барои мондан дар қудрат аз соли 2024 ба баъд эълом кунад.

Бо афзоиши теъдоди мубталоён ба вируси корона дар Русия, давлати ин кишвар муқаррароти сахтгиронаеро барои қарантинаи афроди машкук ба беморӣ ва тараддуди атбои рус ва ғайрирус ба ин кишвар ҷорӣ кардааст.

То кунун 34 нафар мубталои қатъӣ ба вируси корона дар Русия шиносоӣ шудааст.

 

Барчасп