Март 14, 2020 19:04 Asia/Dushanbe
  • Путин ислоҳоти Қонуни асосии Русияро имзо кард

Раисиҷумҳури Русия қонуни "Ислоҳи Қонуни асосии Русия"-ро, ки тибқи он тамдиди даврони раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар ба ҳамапурсӣ гузошта хоҳад шуд, имзо кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ҳамапурсӣ дар заминаи ин ислоҳия баъд аз ин ки Додгоҳи Қонуни асосии Русия, созгории ин ислоҳот бо Қонуни асосии кишварро таъид кард анҷом хоҳад шуд.

Ин қонун бо овози мусбати беш аз 50 дарсади овозҳои мардуми Русия иҷроӣ хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Русия рӯзи сешанбеи ҳафтаи пеш гуфт, ӯ аз қонуни пешниҳодшуда дар Маҷлиси Дума барои тамдиди даврони раёсатҷумҳурӣ ҳимоят мекунад машрут бар ин ки Девони олии Русия низ иҷозатномаи ин корро содир кунад.

Ба навиштаи пойгоҳи Маскав-Таймз, дар ҳоле, ки давраи кунунии раёсатҷумҳурии Русия дар соли 2024 ба поён мерасад, қонуне, ки яке аз ҳамҳизбиҳои Путин пешниҳод карда, ин имконро фароҳам мекунад, то бо таваҷҷуҳ ба ислоҳи Қонуни асосӣ, Путин ду давраи 6 солаи дигар яъне то соли 2036 раисиҷумҳури Русия бимонад.

Маҷлиси Думаи Русия бо 383 овози мусбат ва 43 овози мумтаниъ ба қонуни пешниҳодӣ дар хусуси ислоҳи Қонуни асосии ин кишвар ва тамдиди даврони раёсатҷумҳурӣ овози мусбат додааст.

 

Барчасп