Донишманди англисӣ: коронавирус бо як шаҳобсанг ба замин омад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51786-Донишманди_англисӣ_коронавирус_бо_як_шаҳобсанг_ба_замин_омад
Чандра Викрамасинг аз донишмандони Маркази ахтаршиносии Бирмингеми Англия дар фарзияе иддао кард, ки коронавирус, ки то кунун тақрибан 130 ҳазор нафар аз мардуми саросари ҷаҳонро мубтало карда, аз фазо ба замин омадааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 14, 2020 16:16 Asia/Dushanbe
  • Донишманди англисӣ: коронавирус бо як шаҳобсанг ба замин омад

Чандра Викрамасинг аз донишмандони Маркази ахтаршиносии Бирмингеми Англия дар фарзияе иддао кард, ки коронавирус, ки то кунун тақрибан 130 ҳазор нафар аз мардуми саросари ҷаҳонро мубтало карда, аз фазо ба замин омадааст.

Ба нақл аз ИРНО, ин фарзияи нав дар ҳоле матраҳ шуда, ки кишварҳои саросари ҷаҳон иқдомоти худро барои мутаваққиф кардани ин бемории уфунии вогирдор ташдид кардаанд ва шумори ҷонбохтагони он дар ҷаҳон аз 5 ҳазор нафар гузаштааст.

Ин донишманди англисии шриланкаитабор муддаӣ шуда, ки ин вирус аз ҳайвонот сарҷашма нагирифтааст, балки як шаҳобсанг онро бо худ оварда ва бо расидан ба замин ба василаи вазиши бод шуюъ пайдо кардааст.

Ӯ маддаӣ аст, ки ин шаҳобсанг 11 октябри 2019 бар фарози Чин таркида ва зарраҳои олудаи он мунташир шудааст.

Ин донишманд ҳамчунин дар таъкид бар ин иддаои худ ба ин ҳақиқат ишора мекунад, ки шаҳобсанг дар минтақае, ки гуфта мешавад вирус аз онҷо шуюъ пайдо кардааст, мушоҳида шудааст.

Вай дар мусоҳиба бо рӯзномаи Экспресси Англия иддао кард, ки мо бар ин боварем, ки омили уфунат дар ҳама ҷойи фазо пахш шудааст ва шаҳобсанг онро бо худ ба замин оварда ва мумкин аст аз тариқи тропосфера (пойинтарин лояи ҷавви замин) ба замин афтода бошад.

Ин донишманди ахтаршинос қаблан ҳам муддаӣ шуда буд, ки сарчашмаи зукоми соли 1918, фалаҷи тифлон ва САРС низ авомили фарозаминӣ будаанд.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз мутахассисони бемориҳо ин назарияи ӯро рад кардаанд ва гуфтаанд, ки Ковид-19 ҳам монанди дигар шаклҳои коронавирус ҳамчун САРС ва МЕРС аст, ки сарчашмаи онҳо ба тартиб кӯршабпарак ё хуффошҳо ва шутурҳо будаанд.

Бархе гумоназаниҳо ҳам дар бораи истифода аз ин вирус ба унвони силоҳи биологик матраҳ аст.