Фирори маликаи Британия аз Кохи салтанатӣ аз тарси коронавирус
(last modified Sun, 15 Mar 2020 05:22:52 GMT )
Март 15, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Фирори маликаи Британия аз Кохи салтанатӣ аз тарси коронавирус

Малика Элизабети Британия аз тарси ибтило ба коронавирус аз Кохи салтанатӣ дар маркази Лондон ба иқоматгоҳи шаҳристонии худ мавсум ба қалъаи Виндзер паноҳ бурд.

Ба нақл аз пойгоҳи интернетии онлайни рӯзномаи Дейлӣ Мирор, Элизабет панҷшанбеи гузашта барои ҳифзи ҷонаш аз Кохи Бекингҳом фирорӣ дода шуд.

Сухангӯи маликаи Британия гуфтааст, ки сафари маликаи иртиботӣ ба тарс аз коронавирус надорад.

Пештар ҳам қарор буд агар теъдоди ибтило ба коронавирус дар Англия афзоиш пайдо кунад, малика ва ҳамсараш Филип дар яке аз иқоматгоҳҳои салтанатии Британия карантин шаванд.

Маликаи Британия 93 ва ҳамсараш Филип 98 сола ҳастанд.

Бар асоси охирин омор эълом шуда то кунун ҳазору 140 нафар дар Британия ба коронавирус мубтало шуда ва 21 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд.