Гутерриш: давлатҳо коронавирусро ҷиддитар бигиранд
(last modified Sun, 15 Mar 2020 05:44:03 GMT )
Март 15, 2020 10:44 Asia/Dushanbe
  • Гутерриш: давлатҳо коронавирусро ҷиддитар бигиранд

Дабирикулли Созмони Миллали Муттаҳид коронавирусро таҳдиде барои зиндагии башарӣ хонд ва аз ҳамаи давлатҳо хост талош барои муқобила бо ин вирусро афзоиш диҳанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Антонио Гутерриш, дабирикулли Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи шанбе дар ҳисоби твиттерии худ навишт, бар хилофи дигар мавридҳо, Ковид-19 таҳдиде барои зиндагии кулли башар аст.

Дабирикулли Созмони Миллали Муттаҳид афзуд, ба ҷойи ваҳшат аз коронавирус бойистӣ бо он муқобила кард.

Гутерриш хатоб ба мардуми ҷаҳон навишт, ҳама бо таҳдиди муштараки коронавирус рӯбарӯ ҳастем, аммо метавонем масири ҳамагирии онро тағйир диҳем.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба таври расмӣ барои коронавирус вазъи пандимик (ҳамагирӣ) эълом кардааст.

Оморҳои нав нишон медиҳад, то кунун беш аз 150 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба коронавирус мубтало шудаанд ва ин беморӣ ба марги беш аз панҷ ҳазору 600 нафар мунҷар шудааст.