Рафтан ба мактаб дар Маскав ихтиёрӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51797-Рафтан_ба_мактаб_дар_Маскав_ихтиёрӣ_шуд
Бо шуюи коронавирус дар Маскав шаҳрдори ин шаҳр рафтани хонандагон ба мактабро дар ихтиёри волидайни онон қарор дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 15, 2020 11:21 Asia/Dushanbe
  • Рафтан ба мактаб дар Маскав ихтиёрӣ шуд

Бо шуюи коронавирус дар Маскав шаҳрдори ин шаҳр рафтани хонандагон ба мактабро дар ихтиёри волидайни онон қарор дод.

Ба нақл аз ИРНО, шаҳрдори Маскав рӯзи шанбе дар блоги худ навишт, то рӯзи 13 март дар Маскав 24 нафар ба бемории корона мубтало шудаанд ва шумори мубталоён ба ин беморӣ дар шабонарӯзи ахир панҷ нафар афзоиш ёфтааст.

Сергей Сабиянин афзуд, ин рақами болое нест, аммо вазъи хатарноки ҷиддие буруз карда ва бар шумори ашхосе, ки мумкин аст ҳомили коронавирус бошанд афзуд шудааст.

Шаҳрдори Маскав таъкид кард, талош мекунем омӯзиш аз роҳи дурро ҳарчи сареътар роҳандозӣ кунем.