Холӣ шудани фурӯшгоҳҳои Ҷопон аз лавозими беҳдоштӣ дар паи хурӯҷи коронавирус
Бо густариши вируси корона, марказҳои дармонии Ҷопон бо мушкили камбуди шадиди лавозими беҳдоштӣ мувоҷеҳ шуданд.
Бо хурӯҷи коронавирус дар Ҷопон, мардуми ин кишвар аз тарси камбуди лавозими беҳдоштӣ, бо ҳуҷум ба фурӯшгоҳҳо ва дорухонаҳо, боиси ноёб шудани ин лавозим, аз ҷумла ниқоб, спирт, маводи зиддиуфуникунанда ва дастмоли коғазӣ шуданд.
Ин иқдоми ҳаяҷонии мардум бемористонҳо, марказҳои дармонӣ ва хонаҳои солмандонро бо мушкили камбуди шадиди маводи иддиуфуникунанда ва ниқоб рӯбарӯ кардааст.
Вазорати беҳдошти Ҷопон эълом кард: То иттилои сонавӣ тамомии марказҳои харид ва дорухонаҳо, дар сурати мавҷудии дастмоли коғазӣ, ниқоб ва маводи зиддиуфуникунанда, метавонанд ба ҳар хонавор фақат як баста дар рӯз бифиристанд.