Пирӯзии Берни Сандерс дар рақобатҳои ҷазоири Марианна
Март 15, 2020 20:29 Asia/Dushanbe
Сенатори иёлати Вермонт дар рақобатҳои даруниҳизбии демократҳо дар ҷазоири Марианнаи шимолӣ ба пирӯзӣ расид.
Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, дар идомаи рақобатҳои даруниҳизбии демократҳо, сенатор Берни Сандерс муваффақ шуд бо касби 62 дарсад аз раъйҳо дар ҷазоири Марианнаи шимолӣ пирӯз шавад.
Интихоботи даруниҳизбии демократҳо, рӯзи шанбе 14 март дар ҷазоири Марианнаи шимолӣ баргузор шуд.
Джо Байден, муовини Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико низ бо касби 35 дарсади раъйҳо дар ҷойгоҳи дуввум қарор гирифт.
Ҷазоири Марианнаи шимолӣ чанд ҷазира дар Уқёнуси Ором аст, ки аз манотиқи худгардони Амрико ба ҳисоб меояд.
Барчасп