Март 16, 2020 19:55 Asia/Dushanbe
  • 6 ҳазор нафар теъдоди афроди мубтало ба корона дар Олмон

Теъдоди афроди мубтало ба корона дар Олмон аз 6 ҳазор нафар гузашт.

Ба гузориши Форс, ҳамзамон бо афзоиши теъдоди мубталоён ба вируси «covid-19» дар кишварҳои аврупоӣ, масъулони дармонии олмонӣ низ аз афзоиши 402 нафари мубталоён дар ин кишвар хабар доданд.

Ба навиштаи расонаҳои олмонӣ зимни эъломи мавориди ибтилои ҷадид ба вируси корона, теъдоди кулли олмониҳои мубтало ба ин вирус ба 6215 нафар расидааст.

Бар ин асос, теъдоди кулли фавтиҳо бар асари ибтило ба ин беморӣ дар Олмон низ 13 нафар эълом шудааст.

Вазорати хориҷаи Олмон имрӯз бо судури баёнияе дар бораи ҳар гуна сафаир ғайризарурӣ дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар ҳушдор дод. Ҳамчунин ба дастури давлати марказии Берлин дар марзҳои Олмон бо панҷ кишвари ҳамҷвор, аз имрӯз (душанбе) маҳдудиятҳои контролӣ барои ҷилавгирӣ аз сирояти бештари вируси корона дар ин кишвар эъмол мешавад.

Бар ин асос, тавофуқи сафар бидуни раводид ба Олмон бо панҷ кишвари Фаронса, Утриш, Швейтсария, Дания ва Люксембург ба сурати муваққат, таълиқ мешавад ва дар марзҳои заминӣ бозрасиҳои сифту сахттаре барои мумониат аз вуруди афроди мубтало ба корона анҷом мешавад.

Ангела Меркел, садр аъзами Олмон чанд рӯз пеш бо баёни инки буҳрони корона чолише ҷиддӣ барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аст таъкид кард, ниёз аст аз захоири молӣ истифода кунем. Садри аъзами Олмон сешанбеи гузашта пешбини карда буд, байни 60 то 70 дарсади ҷамъияти ин кишвар (беш аз 50 миллион нафар) дар мақтаъе ба бемории корона мубтало хоҳанд шуд.