Март 17, 2020 19:53 Asia/Dushanbe
  • СБҶ: Ҳеҷ доруе барои дармони корона таъйид нашудааст

Бо густариши вируси корона дар бештари кишварҳои ҷаҳон ва сабти беш аз ҳафт ҳазор кушта дар асари ибтило ба ин вирус Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар бораи масрафи худсронаи баъзе доруҳо ҳушдор дод.

Ба гузориши “Спутник”, дар ҳоле ки бархе аз афроди машкук ба олудагӣ ба корона ин рӯзҳо бидуни муроҷиа ба пизишк шуморе аз доруҳоро барои дармони худ масраф мекунанд, Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар ҳисоби “Твиттер”-и худ эълом кард, ин созмон то кунун ҳеҷ доруеро барои дармони коронавирус таъйид накардааст. Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ҳамчунин ба афроди машкук ба корона тавсия кард, аз масрафи антибиотикҳо ва бархе доруҳое, ки барои дармони зуком истифода мешавад, худдорӣ кунанд.

Адҳаном, мудири Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ бо баёни ин ки корона ба шакли густардатар аз Чин дар ҳоли интишор дар сатҳи ҷаҳон аст, таъкид кард, ки бемории корона бадтарин буҳрони саломатӣ дар ҷаҳон аст, ки шумори куштаҳо ва мубталоёни он дар ҷаҳон аз омори сабтшуда дар Чин пуршумортар хоҳад буд.