Март 17, 2020 20:33 Asia/Dushanbe
  • Дархости фаъолони сулҳи амрикоӣ барои лағви таҳримҳои Эрон

Шуморе аз амрикоиҳои фаъоли сулҳ бо барпоии таҷаммӯе дар муқобили Вазорати молияи кишварашон таъкид карданд, Вашингтон бояд таҳримҳо алайҳи Эронро лағв кунад.

Ба гузориши ИРНА, Мидиё Бинёмин, бунёнгузори гурӯҳи сулҳталаби амрикоии “Кудпинк” ҳамроҳи гурӯҳи худ бо пӯшидани либосҳои сафеди пизишкии мубориза бо корона ва таҷаммӯъ дар муқобили Вазорати молияи Амрико таъкид карданд, Вашингтон бояд барои решакан кардани буҳрони корона дар ғарби Осиё таҳримҳои Эронро лағв кунад. Ин фаъоли сулҳи амрикоӣ таъкид кард, эрониҳо барои дастёбӣ ба доруҳои ҳаётӣ бо мушкилоти бисёре мувоҷеҳ шудаанд.

Давлати Амрико дар моҳҳои гузашта борҳо ба далели маҳдуд кардани арса бар ширкатҳои доруӣ ва ғизоӣ дар мубодилот бо Эрон ва ҷилавгирӣ аз ирсоли кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар, бавижа дар мавоқеи буҳроние чун зилзила мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ирсоли номае ба сарони бархе кишварҳо бо ишора ба густариши вируси корона дар сатҳи ҷаҳонӣ бо баёни ин ки шикасти корона як вазифаи байналмилалӣ аст, хитоб ба сарони мухотаб дар ин нома навишт, бояд иқдомоте анҷом шавад, то бо иҷрои тааҳҳудоти ҳамаи кишварҳо дар қолаби қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милал таҳримҳои ғайриқонунии Амрико алайҳи мардуми Эрон беасар ва бо терроризми иқтисодии Амрико муқобила шавад.