Паёми дабири кулли Созмони Милал ба муносибати фаро расидани Наврӯз
(last modified Thu, 19 Mar 2020 14:53:11 GMT )
Март 19, 2020 19:53 Asia/Dushanbe
  • Паёми дабири кулли Созмони Милал ба муносибати фаро расидани Наврӯз

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зимни табрики фаро расидани Наврӯз, ҷон бохтани иддаи зиёде аз мардуми дунё бар асари ибтило ба коронавирусро таслият гуфт.

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе дар паёме, фаро расидани Наврӯзро табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард, бо вуҷуди андӯҳе, ки ҳамагирии вируси корона эҷод кардааст, ин ид ҳамоҳангӣ ва ҷашн баори башарият ба армуғон овард.

Дар паёми Гуттереш омадааст: Имсол Наврӯз барои бисёре дар ҳолу ҳавои ғам ва изтироб оғоз мешавад ва вируси корона бар саросари дунё, аз ҷумла нуқоте, ки ин ҷашни бостониро гиромӣ медоранд, соя андохтааст.
Бар асоси охиарин гузоришҳо, то кунун 221 ҳазору 917 нафар дар саросари ҷаҳон ба коронавирус мубтало шуда ва 8 ҳазору 999 нафар ҷони худро аз даст додаанд.