Март 19, 2020 21:51 Asia/Dushanbe
  • Оғози озмоиши болинии доруи коронавирус  дар Британия

Як ширкати дорусозӣ дар Британия муваффақ шуд то доруи ҷадидро рӯи беморони мубтало ба вируси корона дар кишвар озмоиш кунад.

Рӯзномаи Guardian рӯзи панҷшанбе навишт, ин дору ки ширкати Synairgen онро таҳия ва барои коди SNG001 интихоб карда, қарор аст аз душанбеи оянда рӯи сад бемори мубтало ба коронавирус, ки дар шароити вахиме қарор доранд, озмоиш шавад.

Нахустин марҳилаи озмоиши ин дору дар бемористони Савис Ҳемптон дар ҷануби Британя оғоз ва сипас дар 10 бемористон тавзеъ хоҳад шуд.

Ин доруи истиншофӣ то кунун бемориҳои астма ва инсидоди музмини шуш (COPD)- ро дар афроде, ки дучори уфунати шуш шудаанд, беҳбуд бахшидааст.

Пизишкон умедворанд, ки доруи ҷадид эминии баданро афзоиш диҳад ва интишори вируси коронаро дар бадан мутаваққиф кунад.

Ин дору дорои як протеини табиӣ ба номи "Интерфрон-Бета" аст, ки вокунишҳои зиддивируси бадании инсонро танзим мекунад.

Барчасп