Иди мабъаси Паёмбари гиромӣ (с) муборак бод!
Якшанбе, 27 моҳи раҷаби соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ солрӯзи мабъаси Пёмбари гиромии ислом (с) аст.
1454 сол қабл дар рӯзи 7 раҷаб ҳазрати Муҳаммади мустафо (с) дар синни 40-солагӣ ва ҳангоме, ки барои тафаккур ва ибодати парвардигори якто ба ғори Ҳиро рафта буданд, аз ҷониби Худованди муттаол ба паёмбарӣ мабъус шуданд.
Паёмбари акрам (с) дар бораи ҳадафи биъсат фармуданд: انما بعثت لاتمم مکارم الاخلاق, яъне "Ба ростӣ, ки ман барои ба камол расондани макорими ахлоқ мабъус шудаам".
Биъсати паёмбари гиромии ислом (с) сароғоз роҳӣ шуд, то инсон аз ширк, беадолатӣ, табъиз, ҷаҳлу фасод берун ояд ва ба сӯи тавҳид, маънавият, адолат ва каромат ҳаракат кунад.
Дар шабу рӯзи иди мабъаси Паёмбари гиромии ислом (с) Эрони исломӣ сароса шодиву сурур аст.
Сайт ва радиои тоҷикии “Садои Хуросон” фаро расидани солрӯзи биъсати Паёмбари гиромии ислом, Муҳаммади мустафо (с)-ро ба ҳама мусалмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.