Март 23, 2020 16:47 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дубораи Умрон Хон бар лағви таҳримҳои Амрико зидди Эрон

Нахуствазири Покистон хитоб ба раисҷумҳури Амрико гуфт: Таҳримҳои Вашингтон зидди Ҷумҳурии исломии Эрон лағв шавад.

Ба нақл аз ИРНА, Умрон Хон рӯзи якшанбе дар паёми твиттерӣ, таҳримҳои Амрико зидди миллати Эронро ҳаракате золимона ва ноодилона донист ва аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико хост, ин таҳримҳоро лағв кунад.

Нахуствазири Покистон афзуд: Таҳримҳои Амрико боис шудааст, то муборизаи мардуми Эрон зидди коронавирус мушкил шавад ва таъсироти манфӣ бар дифоъ аз саломатии онон бигзорад.

Умрон Хон таъкид кард: Мубориза ва муқобила бо коронавирус иттиҳоди башариятро металабад.