Маскав хурӯҷи солмандон аз хонаро мамнӯъ кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51996-Маскав_хурӯҷи_солмандон_аз_хонаро_мамнӯъ_кард
Шаҳрдори Маскав эълом кардааст, ки барои муқобила бо хурӯҷи коронавирус, афроди болои 65 сол иҷоза надоранд аз хона хориҷ шаванд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 23, 2020 22:54 Asia/Dushanbe
  • Маскав хурӯҷи солмандон аз хонаро мамнӯъ кард

Шаҳрдори Маскав эълом кардааст, ки барои муқобила бо хурӯҷи коронавирус, афроди болои 65 сол иҷоза надоранд аз хона хориҷ шаванд.

Ба нақл аз ИРНА, Сергей Собянин афзуд: Чунин тасмим барои коҳиши хатари ибтилои осебпазиртарин шаҳрвандони Маскав ба коронавирус гирифта шудааст.

Вай гуфт: Аз солмандон ва мубталоён ба бемориҳои заминаӣ мехоҳам аз ҳеҷ макони умумӣ боздид накунанд.

Шаҳрдори Маскав афзуд: Ба ин афрод 4000 рубл пардохт мешавад, то ҳазинаҳоеро, ки мумкин аст, дар ин муддат барои онҳо эҷод шавад, ҷуброн кунем.