Зиндон барои поймолсозони қавонини карантин дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52011-Зиндон_барои_поймолсозони_қавонини_карантин_дар_Амрико
Додситони кулли иёлати Нию-Ҷерсии Амрико эълом кард: Касоне, ки дастури мондан дар хонаро поймолсозӣ мекунанд бо муҷозоти зиндон ва ҷаримаи молӣ рӯбарӯ мешаванд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 24, 2020 07:24 Asia/Dushanbe
  • Зиндон барои поймолсозони қавонини карантин дар Амрико

Додситони кулли иёлати Нию-Ҷерсии Амрико эълом кард: Касоне, ки дастури мондан дар хонаро поймолсозӣ мекунанд бо муҷозоти зиндон ва ҷаримаи молӣ рӯбарӯ мешаванд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Ал-Ҷазира, Додситони кулли иёлати Ню-Ҷерсии Амрико рӯз душанбе пас аз эъломи афзоиши мубталоён ва қурбониён ба вируси Ковид-19 дар ин кишвар аз сӯи донишгоҳи Ҷон Ҳапкинз ин тасмимро гирифтааст. 

Андру Комо (andrew сuomo), фармондори иёлати Нию-Йорк низ дар робита бо шуюи густардаи коронавирус дар ин иёлат гуфт, ки фақат дар  як рӯз 5707 мавриди нав дар Нию-Йорк сабт шудааст.  

 Андру Комо дар робита бо охирин омори марбут ба ин вирус дар иёлати Нию-Йорк гуфт: «То кунун 20875 мавриди ибтило ба коронавирус  дар ин иёлат таъйид шудааст.»  

То кунун 157 мубтало ба коронавирус дар иёлати Нию-Йорк ҷони худро аз даст додаанд.

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Амрико аз марзи 41 ҳазор тан убур кард.  

Ҳамчунин 573 нафар аз беморон то кунун ҷони худро аз даст додаанд.

Иёлатҳои Нию-Йорк, Вашингтон ва Калифорния бештарин қурбониён ва мубталоён ба коронвирусро доранд.