Помпео Кобулро бидуни эъломи натиҷа тарк кард
Вазири умури хориҷаи Амрико дар ҳоле ба сафари якрӯзаи худ ба Кобул поён дод, ки ҳеҷ натиҷае дар бораи воситагарии эҳтимолии ӯ байни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ эълом нашудааст.
Ба гузориши ИРНО, Майк Помпео- вазири умури хориҷаи Амрико, ки субҳи рӯзи душанбе дар сафаре аз пеш эъломнашуда вориди Кобул шуда буд, бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ- раисиҷумҳури Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ- рақиби сиёсии вай дидор ва бидуни эъломи ҳеҷ натиҷае Кобулро ба мақсади Дубай тарк кард.
Ҳадафи Помпео аз ин сафар, афзун бар пешбурди тавофуқи ахир миёни Амрико ва гурӯҳи Толибон, воситагарӣ байни Ғанӣ ва Абдуллоҳ барои поён додан ба буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон эълом шуда буд.
Сафари Майк Помпео- вазири умури хориҷаи Амрико ба Кобул дар ҳоле анҷом шуда, ки рӯзи якшанбе нахустин нишасти намояндагони Толибон ва давлати Афғонистон ба шакли конфронси видеоӣ анҷом шуд. Давлати Афғонистон гуфта, ки дар ин нишаст дар бораи коҳиши хушунат, музокироти мустақим ва оташбас дойим баҳс шудааст.