Март 24, 2020 22:01 Asia/Dushanbe
  • Ибтилои 4 низомии хориҷӣ ба коронавирус дар Афғонистон

4 низомии хоирҷӣ дар Афғонистон ба коронавирус мубтало шуданд.

Дафтари мутбуотии нерӯҳои Созмони Паймони Атлантик (НАТО) дар Афғонистон, рӯзи сешанбе дар паёме эълом кард:

Дар паи ибтилои 4 низомии НАТО дар Афғонистон ба коронавирус, НАТО вазъиятро аз наздик назорат мекунад, то аз нерӯҳои худ муҳофизат кунад.

Бар асоси ин баёния, 38 низомии хориҷии дигар дар Афғонистон ҳам машкук ба ибтило ба бемории корнавирус ҳастанд.

Ҳарчанд миллияти низомиёни бемори хориҷӣ эълом нашудааст, аммо бештари низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон амрикоӣ ҳастанд.

 

Барчасп