Март 24, 2020 22:10 Asia/Dushanbe
  • Дархости Созмони Милал барои лағви таҳримҳо алайҳи Эрон

Созмони Милали Муттаҳид коҳиш ва ё таълиқи таҳримҳо алайҳи Эронро ба далели бӯҳрони ҷаҳонии хурӯҷи коронавирус хостор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Мишел Бошле, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи сешанбе таи баёнияе эълом кард:

Ин созмон хостори таълиқ ё дастикам коҳиши таҳримҳо алайҳи кишварҳое, монанди Эрон ва Венесуэла аст, то дар шароити низоми саломати онҳо, ки дар ҳоли мубориза бо хурӯҷи коронавирус ҳастанд, таҳти таъсир қарор нагирад.

Мишел Бошле гуфт: Дар ин бурҳаи ҳассос, таҳримҳои вазъшуда алайҳи бахшҳои иқтисоди кишварҳо, бояд барои риояти саломати умумии ҷаҳон ва барои ҳимоят аз ҳуқуқ ва зиндагии миллионҳо нафар дар ин кишварҳо коҳиш ёфта  ё муаллақ шаванд.

 

Барчасп