Гутерриш: Ҷомеаи байналмиллал бо Эрон дар мубориза бо коронавирус ҳамкорӣ кунад
Антонио Гутерриш, дабирикулли Созмони Миллали Муттаҳид зимни ҳимояти комил аз баёнияи Мишел Бачелет (michelle bachelet), комиссер олии ҳуқуқи башари ин созмон мабнӣ бар лузуми бардошта шудани таҳримҳо аз кишварҳое, ки даргири коронавирус ҳастанд, аз ҳамаи кишварҳо хост бо Эрон дар мубориза бо ин вирус ҳамкорӣ кунанд.
Ба гузориши ИРНО, Стефан Дуҷарик- сухангӯи дабирикулли Созмони Миллал рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ дар Нию-Йорк бо таъйиди изҳороти комиссери олии ҳуқуқи башари ин созмон мабнӣ бар зарурати бекор кардани таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ва Венесуэла эълом кард, Гутерриш аз кишварҳои узви ин созмон хостааст, ки тасҳилоти лозимро барои талошҳои Эрон дар ин замони ҳаётӣ фароҳам созанд.
Дуҷарик бо баёни ин ки Гутерриш бо "Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон телефонӣ гуфтугӯ кардааст изҳор дошт, дабирикулли Созмони Миллал комилан аз ин ки ирсоли таҷҳизот ва лавозими пизишкӣ барои Эрон нисбат ба дигар кишварҳо бисёр мушкилтар аст, огоҳ аст.
Мишел Бачелет, комиссери олии ҳуқуқи башари Созмони Миллал рӯзи сешанбе дар замони шуюи коронавирус дар баёнияе хостори бекор кардани таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон шуд.
Дар ҳафтаҳои ахир ба дунболи шуюи коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон ва Эрон, ниҳодҳои байналмиллалӣ ва шумори зиёде аз мақомоти кишварҳои мухталиф аз ҷумла Туркия, Русия, Покистон ва Чин хостори бекор кардани таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон шудаанд.
Таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Вашингтон, ки шомили колоҳои асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми Эрон ба вижа беморони коронавирус шудааст.
Бо ин ҳол Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯз ҷумъа таъкид кард, бо бекор кардани таҳримҳои ин кишвар алайҳи Эрон мухолиф аст.
Амрико ба рағми мутолиботи ҷаҳонӣ барои бекор кардани таҳримҳо алайҳи Эрон, тайи чанд рӯзи гузашта чанд шахсият ва ширкати эрониро таҳрим кардааст.