Истиқболи Русия аз оташбаси ҷаҳонӣ барои муқобила бо Корона
(last modified Thu, 26 Mar 2020 14:47:07 GMT )
Март 26, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Русия аз оташбаси ҷаҳонӣ барои муқобила бо Корона

Русия аз дархости Дабири кули Созмони Милалли Муттаҳид барои оташбаси ҷаҳонӣ ба манзури муқобила бо вируси Корона истиқбол кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо ; Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе эълон кард ; бо интишори бемории Корона дар саро сари ҷаҳон, Маскав бо истиқбол аз дархости Антонио Гутерреш Дабири кули Созмони Милалл, аз тарафҳои муноқишаҳои мухталиф дар ҷаҳон мехоҳад иқдомҳои ҷангиро мутавақиф ва оташбас эълон кунанд.

Антонио Гутерреш душанбе шаб барои муқобила бо ҳамагирии Корона ба вижа дар минтақаҳои ҷангзада тавақуфи фаврии ҳамаи даргириҳоро дар саро сари ҷаҳон хостор шуд.

Дар баёнияи Вазрорати умури хориҷаи Русия бо ишора ба авзои Афғонистон, Ироқ, Яман, Либӣ ва Сурия ва Навори Ғаззаҳ таъкид шудааст, идомаи ин буҳронҳо ба таври ҷиди муҷиби нигаронӣ шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин бо ишора ба хатари шуюи густардаи Корона дар кишварҳои африқоӣ таъкид кард ; муноқишаҳои мусалаҳона дар ин минтақа аз ҷаҳон ҳамчунон идома дорад ва буҳрони ҷанг ва бемори дар ҳоли ташдид аст.

Дар ин баёния бо ишора зимни ба ҳузури низомии Амрико дар бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон таъкид шудааст ; дар марҳалаи аввал дархости мо ба кишварҳое марбут мешавад,ки аз нерӯҳои низомии худ ба таври ғайри қонунӣ ва хориҷ аз марзҳояшон истифода мекунанд.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 478 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба Корона мубтало шуданд,ки аз ин теъдод беш аз 114 ҳазор нафар беҳбуд ёфта ва дасти кам 21 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.