Озмоиши нави ду мушак аз тарафи Кореяи Шимолӣ
Кореяи Шимолӣ ду мушаки дигар озмоиш кард.
Ба гузориши хабаргузории Юнҳоп, Ситоди муштараки артиши Кореяи Ҷанубӣ субҳи имрӯз якшанбе дар баёнияе эълом кард: Мақомоти иттилоотии Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико дар ҳоли таҷзия ва таҳлили мушаххасоти ин партобаҳо ҳастанд, ки ҳар ду субҳи имрӯз якшанбе ба самти шаҳри соҳилии Вунсони Кореяи Шимолӣ партоб шудааст.
Гузориши Ситоди муштараки артиши Кореяи Ҷанубӣ меафзояд: Ин мушакҳо баъд аз 30 километр баландӣ ҳудуди 230 километр парвоз дар соҳили шаҳри Вунсон фуруд омадаанд.
Дар ин баёния омадааст: Артиши Кореяи Ҷанубӣ зимни ҳифзи омодагии комил аз наздик вазъиятро таҳти назар дорад ва барои ҳаргуна вокунише омодааст.
Партобаҳои имрӯз якшанбе чаҳорумин озмоиши муҳимми силоҳҳои болтсики Кореяи Шимолӣ дар соли равон аст.
Кореяи Шимолӣ аз моҳи майи 2019 то кунун беш аз 17 озмоиши мушакӣ анҷом додааст.
Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ озмоишҳои мушакии нави ин кишварро ҳушдоре ба Кореяи Ҷанубӣ барои таваққуфи воридоти таслиҳот аз Амрико ва ҳамчунин размоишҳои муштарак бо Вашингтон тавсиф кардааст.
Раҳбари Кореяи Шимолӣ дар паёми худ ба муносибати оғози соли 2020 эълом кард: Кишвараш ба зудӣ аз як силоҳи нави роҳбурдӣ рӯнамоӣ хоҳад кард.
Кореяи Шимолӣ аз чанд моҳ пеш аз оғози музокироти халъи силоҳи ҳастаӣ бо Амрико озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакии худро мутаваққиф карда буд, аммо пас аз шикасти ин музокирот иқдомотеро дар ростои пешбурди барномаи мушакӣ ва ҳастаияш анҷом додааст.
Кореяи Шимолӣ зиёдахоҳӣ ва вафодор набудани Амрико ба тааҳҳудоти худро омили аслии шикасти музокироти ду кишвар эълом кардааст.