Амрико барои таҳқиқоти таъсири коронавирус дар кишварҳои Қафқоз маблағ ихтисос дод
Март 29, 2020 13:22 Asia/Dushanbe
Амрико барои таҳқиқот ва умури озмоишгоҳии коронавирус дар ҳар як аз кишварҳои Қафқоз беш аз як миллион доллар ба ҳар як аз ин кишварҳо ихтисос дод.
Ба гузориши сайти Модерн, Вазорати умури хориҷаи Амрико барои эҷоди системи озмоишгоҳӣ, баррасии мавориди ибтило ва фаол кардани назорат бар ин маворид, омӯзиши мутахассисони фаннӣ ва эҷоди иртибототи марбут ба ин мухотира, як миллиону ҳафтсад ҳазор доллар ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ихтисос дод.
Вазорати умури хориҷаи Амрико барои анҷоми ин корҳо дар Гурҷистон ва Арманистон, ба ҳар як аз ин кишварҳо низ як миллиону ҳафтсад ҳазор доллар ихтисос додааст.