Амрико барои таҳқиқоти таъсири коронавирус дар кишварҳои Қафқоз маблағ ихтисос дод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52193-Амрико_барои_таҳқиқоти_таъсири_коронавирус_дар_кишварҳои_Қафқоз_маблағ_ихтисос_дод
Амрико барои таҳқиқот ва умури озмоишгоҳии коронавирус дар ҳар як аз кишварҳои Қафқоз беш аз як миллион доллар ба ҳар як аз ин кишварҳо ихтисос дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 29, 2020 13:22 Asia/Dushanbe
  • Амрико барои таҳқиқоти таъсири коронавирус дар кишварҳои Қафқоз маблағ ихтисос дод

Амрико барои таҳқиқот ва умури озмоишгоҳии коронавирус дар ҳар як аз кишварҳои Қафқоз беш аз як миллион доллар ба ҳар як аз ин кишварҳо ихтисос дод.

Ба гузориши сайти Модерн, Вазорати умури хориҷаи Амрико барои эҷоди системи озмоишгоҳӣ, баррасии мавориди ибтило ва фаол кардани назорат бар ин маворид, омӯзиши мутахассисони фаннӣ ва эҷоди иртибототи марбут ба ин мухотира, як миллиону ҳафтсад ҳазор доллар ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ихтисос дод.

Вазорати умури хориҷаи Амрико барои анҷоми ин корҳо дар Гурҷистон ва Арманистон, ба ҳар як аз ин кишварҳо низ як миллиону ҳафтсад ҳазор доллар ихтисос додааст.