Март 29, 2020 19:00 Asia/Dushanbe
  • Тахлияи пойгоҳи Кайвон дар Каркуки Ироқ

Терорристҳои Амрико пойгоҳи Кайвони Ироқро тахлия карданд.

Ба нақл аз Форс, артиши Амрико аз таҳвили пойгоҳи Кийвон воқеъ дар Каркук ба неруҳои ироқӣ хабар дод.

Иттилофи байналмилаллӣ ҳамчунин  таи ҳафтаи гузашта аз хуруҷи неруҳояш аз пойгоҳи Алқоим дар устони Аланбор ва Алқаёраҳ дар устони Найнаво,ки ҳар ду устон дар шимоли Ироқ ҳастанд, хабар дод.

Пойгоҳи низомии Кийвони Амрико дар Каркук дар 27 декабри 2019 ҳадафи ҳамлаи ракетии афроди ношинос қарор гирифт,ки бо кушта шудани як низомии амрикоӣ ва се низомии дигар ҳамроҳ буд.

Дар паи он давлати Амрико гуруҳи Катоиби Ҳизбуллоҳ вобаста ба Созмони Алҳашшдушаъборо бе ҳеҷгуна санадае масули ин ҳамла муарифӣ кард ва чандрӯз баъд мақари ин неруҳо дар минтақаи Алқоим дар ғарби устони Аланбор тавассути Иттилофи байналмилаллӣ бомбаборон шуд,ки дар ин ҳамла 27 нафар аз неруҳои типҳои 54 ва 46 и Катоиби Ҳизбуллоҳ шаҳид ва 51 нафари дигар захмӣ шуданд.