Март 30, 2020 10:05 Asia/Dushanbe
  • Сокинони Маскав аз имрӯз ҳаққи хурӯҷ аз хонаро надоранд

Шаҳрдори Маскав бо таваҷҷуҳ ба шуюи густурдаи корона эълом кард: Аз имрӯз душанбе ҳеҷ яке аз сокинони Маскав- пойтахти Русия ҳаққи хориҷ шудан аз хонаро надоранд.

Ба гузориши якшанбешаби ИРНО, Сергей Собянин бо эъломи вазъияти инзивои хонагӣ дар пойтахт афзуд: Ин тарҳ шомили ҳамаи мардум дар тамоми радаҳои синнӣ мешавад.

 Ба гуфтаи вай, тарки манзил танҳо дар мавридҳое, ки дархости муроқибатҳои фаврии пизишкӣ ва дигар таҳдидҳои мустақим барои зиндагӣ ва саломатӣ ба вуҷуд биёяд, раво аст.

Илова бар инҳо шаҳрдори Маскав дастури пардохти ҷубронпулӣ ба ҳама афроде, ки ба далели қонунҳои муқобила бо корона бекор шудаандро содир кардааст, ки ин маблағ дар ҳар моҳ 19.5 ҳазор рубл (ҳудуди 250 доллари Амрико) хоҳад буд.

 Шумори мубталоён ба вируси корона дар Русия бо сабти 270 мавриди нав дар шабонарӯзи гузашта ба 1 ҳазору 534 нафар расидааст ва то кунун ҳашт нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки шаш тани онон дар Маскав будаанд.