Март 30, 2020 19:48 Asia/Dushanbe
  • Тасалути Яман бар як урдугоҳи роҳбурдии муҳим байни Алҷувф ва Моъраб

Дар идомаи пешравиҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман и кантроли як урдугоҳи низомии муҳим байни устонҳои Алҷувф ва Моъраб дар дасти ин нерӯҳо қарор гирифт.

Ба нақл аз Форс бар асоси ин гузориш, ин итифоқ пас аз он рух дод, ки нерӯҳои мусалаҳи Яман кантроли минтақаи Алмарозиқ дар шарқи Алҳазм маркази устони Алҷувфро дар дст гирифтанд.

Алмаёдин афзуд, урдугоҳи Албанот аз бузургтарин урдугҳҳои нерӯҳҳои давлати мустаъфи Яман ба шумор меравад.

Дар ҳамин иртибот, Яҳё Сариъ сухангӯйи неруҳои мусалаҳи Яман аз озодсозии комили устони Алҷавф дар амалёти маъруф ба Фаамкин Минҳум хабар дод, ки дастоварии бузург барои артиш ва куминаҳои мардумии Яман тайи панч сол муқобила бо ҳамлаи иттилофи Саъудӣ ба шумор меравад.

Тарафе, ки бар Алҷувф мусалат бошад кантроли набарди кунуни дар Яман ба вижа дар панҷ устони ҳаётӣ яъне устони Умрон дар ғарби Алҷувф Санъо дар ҷануби ғарби Алҷуфф, Моъраб дар ҷануби Алҷувф, Ҳазармавт дар шарқи Алҷувф ва Свъда дар шимоли Алҷувфро дар даст .дорад.