Март 30, 2020 21:41 Asia/Dushanbe
  • Рафтани гуруҳе аз Толибон барои гуфтугу ба Кобул

Дафтари Шурои амнияти миллии Афғонистон бо интишори баёнияе эълон кард: гуруҳе аз намояндагони Толибон барои пешбурди гуфту гу барои раҳоии зиндониён ба Кобул меравад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, дар ин баёния омадааст, ки давлати Афғонистон барои пешбурди гуфту гуҳо дар иртибот бо озодии зиндониён, қарор аст ҳайати Толибонро дар зиндони Багром мизбони кунад. Дар эълонияи Шурои амнияти миллии Афғонистон оамадааст, ки Толибон бо пуштибонии ниҳоди байналмилаллии Салиби Сурх озими Кобул хоҳанд шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷовид Файсал сухангӯйи дафтари Шурои амнияти миллӣ гуфтааст раванди озодии зиндониён ба таъхир афтодааст, вай дар сафаи ТВИТТЕРаш навист: ҳеч зиндоние қарор нест фардо озод шавад. Толибон дирӯз дар канфуронси видиоӣ тавофуқ карданд, ки тимеро ба Кобул бифиристанд то бо давлати Афғонистон гуфту гу кунад.

Бар асоси Тавофуқи Толибон бо Амрико бояд 5 ҳазр зиндонии ин гуруҳ аз зиндонҳои Афғонистон озод шаванд, гуфта мешавад, ки раҳоии зиндониён замина бари музокирот миёни афғонҳо ва тавофуқи сиёсӣ ҷиҳати ҳалли буҳрони кунуниро фароҳам месозад.