Ҳушдори мақоми Амрико ба Риёз дар паи суқути баҳои нафт
(last modified Thu, 02 Apr 2020 04:58:57 GMT )
Апрел 02, 2020 09:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори мақоми Амрико ба Риёз дар паи суқути баҳои нафт

Як сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико, Арабистонро ба ийфои созанда дар бозори нафти хом фаро хонд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ден Соливон (1) дар идомаи изҳороти худ ба Риёз ҳушдор дод,ки дар сурати бетаваҷуҳи ба ин дархост, пешнависи тарҳеро барои хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва сомонаҳои дифоии мушакӣ аз Арабистон таҳия хоҳад кард.

Соливон афзуд ; агар Арабистон таҳаруке дар ин замина надошта бошад, равобити роҳбурдии Вашингтон ва Риёз дастхуши тағйир хоҳад шуд.

Ин дарҳоле аст,ки Тед Круз (2) сенатори ҷумҳурихоҳ аз Иёлоти Тагззос ва шумори дигаре аз сенаторҳо бо шуҳдор ба сафири Арабистон дар Амрико дар бораи қимати нафт, аз вай хостанд то ҳарчи зудтар ҷанги қимати нафт бо Русияро поён диҳад, зеро ин иқдомҳо амнияти шуғлии тавлидкунандагони амрикоиро таҳдид мекунад.

Қимати нафти хом пас аз адами тавофуқи УПЕК бо Русия ва коҳиши қиматҳо тавассути Апабистон,бузургтарин суқути қиматро дар наздик ба 20 соли гузашта таҷриба кард.