Апрел 02, 2020 11:44 Asia/Dushanbe
  • Эътирози парасторони Амрико ба камбуди таҷҳизоти муҳофизатӣ дар муқобила бо Корона

Иттиҳодияи миллии парасторони Амрико аз камбуди таҷҳизоти ҳифозатӣ барои муқобила бо вируси Корона интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ҷин Рас (1)  раиси Иттиҳодияи миллии парасторони Амрико ( NNU)  дирӯз чоршанбе бо судури баёнияе эълон кард ; парасторони шоғил дар бемористонҳои мухталиф ва таҳти идораи ширкати беҳдошти дармонии Эч Си И  Холдингз (2) аз шароити кори бедоштани таҷҳизоти ҳифозатии муносиб гиламанд ҳастанд.

Дар ин росто, парасторони шоғил дар бемористонҳои таҳти идораи ин ширкати беҳдоштӣ ва дармонӣ дар ҳафт Иёлоти Амрико,дар санаи 3 моҳи апрел бо барпоии эътисоб хостори шароити кории беҳтаре мешаванд.

Дар миёни шикоятҳо аз камбуди таҷҳизоти ҳифозатӣ, Ҷин Рас, аз вуҷуди гузоришиҳое бинобар иҷбор ба истифодаи дубораи аз москҳои муҳофиз ,бе иттилоърасондан ба парастороне,ки бо мубталоёни қатъӣ ба Корона дар иртиботанд ва тарғиби парасторон ба истифода накардан аз моск бо ин баҳона,ки беморонро метарсонанд ! хабар дод.

Ин дар ҳоле аст,ки парасторони шоғил дар як маркази пизишкии воқеъ дар шаҳри Ню Йорк  ( ки бо такмили зарфияти бемористонҳо ва камбуди таҷҳизоти муносиб мувоҷаҳанд ) низ шанбеи гузашта ба шароити номуносиби кории худ аз ҷумла истифодаи дубора аз москҳо эътироз карданд.

Гуфтани аст,ки Иттиҳодияи миллии парасторони Амрико намояндаи 10.00 парастори сабт шуда дар 19 бемористони таҳти идораи ин ширкат дар Иёлоти ҳамчун  Калифорниё, Флурида, Канзасс,Мисури, Навада ва Такзосс аст.

Ҳам акнун ҳар 50 Иёлоти Амрико даргири вируси Корона ҳастанд ва тибқи охирин омор. ҳудуди 215 ҳазор нафар дар ин кишвар ба Карона вирус мубтало шуда ва беш аз 5 ҳазор нафар аз мубталоён ҷони худро аз даст додаанд.

Барчасп