Ҷон бохтани ҳудуди 5100 тан аз мубталоён ба корона дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52291-Ҷон_бохтани_ҳудуди_5100_тан_аз_мубталоён_ба_корона_дар_Амрико
Токунун ҳудуди 5100 тан аз мубталоён ба корона дар Амрико ҷон бохтанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 02, 2020 14:26 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани ҳудуди 5100 тан аз мубталоён ба корона дар Амрико

Токунун ҳудуди 5100 тан аз мубталоён ба корона дар Амрико ҷон бохтанд.

Ба гузориши ИСНА, шумори мубталоён ва қурбониёни вируси корона дар саросари ҷаҳон ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст. Сойти хабарии шабакаи аввали Олмон имрӯз (панҷшанбе) ба нақл аз донишгоҳи Johns Hopkins шумори кушташудагон дар Амрикоро беш аз 5100 тан гузориш додааст.

Ҳудуди 2 ҳазор тан аз қурбониёни вируси корона аҳли Ню-Йорк будаанд. Ба гузориши шабакаи хабарии СНН, танҳо дар рӯзи чаҳоршанбе 900 тан бар асари ибтило ба ин вирус дар Амрико ҷон бохтанд, рақаме, ки то пеш аз он собиқа надоштааст.

Ҳамчунин эълом шуда, ки токунун беш аз 215 ҳазор тан ба вируси корона мубтало шудаанд. Ба ин тартиб Амрико ба нуқтаи буҳронии густариши корона дар ҷаҳон бадал шудааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо таваҷҷуҳ ба ин раванди буҳронӣ рӯзи сешанбе эълом кард, ки маҳдудиятҳои таъйиншуда дар Амрико ба муддати ду ҳафтаи дигар тамдид мешавад.

Мақомоти давлати Амрико ба рағми ин иқдомот бар ин боваранд, ки байни 100 ҳазор то 240 ҳазор тан дар ин кишвар ҷони худро дар пайи эпидемияи корона аз даст хоҳанд дод.

Трамп худ аз «ҷанг алайҳи вируси маргбор» сухан гуфт ва тасреҳ кард, ки рӯзҳои душвор дар тайи ҳафтаҳои оянда интизори шаҳрвандони Амрикоро мекашад.